Баргузории ҷаласаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гирди ҳам ҷамъ омада дар бораи барномаҳои худ гуфтугӯ карданд. Акс: Интернет Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз 14-уми октябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давалати Мустақил дар шаҳри Остона иштирок ва суханронӣ кард. Ба қавли манбаъ, […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гирди ҳам ҷамъ омада дар бораи барномаҳои худ гуфтугӯ карданд.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз 14-уми октябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давалати Мустақил дар шаҳри Остона иштирок ва суханронӣ кард.
Ба қавли манбаъ, “дар ҷараёни мулоқот дар ҳайати маҳдуд сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ суханронӣ намуданд.”
Дар ин ҷаласа Президенти Тоҷикистон низ суханронӣ кард, влае тавре котиботи Эмомалӣ Раҳмон хабар медиҳанд, вай дар маърузаи худ ҳеч пешниҳоди ҷадиде ироа накардааст, фақат ба чанд пешниҳоди кӯҳанаи худ, ки дар чанд нишаст ва низ ҳангоми мулоқот бо сарони баъзе кишварҳо ва раҳбарони созмонҳо дар хусуси ҳифозат аз пиряхҳо, таъмини оби ошомиданӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор карда буд, иктифо кардааст.
Гуфта мешавад, дар кори ин ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов иштирок карданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.