Баргузории нахустин намози ҷумъа дар масҷиди нави Душанбе

Имрӯз масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит шоҳиди баргузории нахустин намози ҷумъа буд.

Имрӯз, 16-уми июни соли 2023 ҳазорон нафар аз намозгузорони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар афроде, ки бархе онҳо аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст низ ташриф оварда буданд, нахустин намози ҷумъа дар бузургтарин масҷиди Тоҷикитсонро якҷоя бо ҷамоат адо карданд.

Дар аксу наворҳое, ки бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафти баргузории ин маросими муҳимми ибодатӣ ба иштирок гузоштаанд, дида мешавад, ки ҳазорҳо нафар барои дидану намоз хондан дар дохили масҷид ҳузур доранд.

Инчунин дар навор дида мешавад, ки агар аз як сӯ хеле аз намозгузоронро истифода аз ҳунарҳо дар санъати меъмории бинокорон ба ҳайрат оварда бошад, аз сӯи дигар, садои фораму гӯшнавози азонгӯи он низ бисёриҳоро мафтун кардааст.

(Акс аз саҳфаи фейсбукии журналист Шамсулло Фозилов)

Гуфта мешавад, ин масҷиди ҷомеаи марказӣ 5-уми октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо ҳузури як қатор мақомоти расмӣ ва донишмандони кишварҳои исломӣ гузошта шуда буд. Бунёди ин масҷид ҳудуди 7 сол пеш ба анҷом расида буд, вале ҷониби Тоҷикистон, то сафари Амири давлати Қатар ба кишвар онро мавқуф гузошта буд.

Амири давлати Қатар, ки ин масҷид бо сармояи беш аз 70 миллион долларии кишвараш сохта шудааст, 8-уми июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар кард ва дар ҳамон рӯз ба сурати расмӣ ин масҷид ба истифода дода шуд.

Маркази исломии Тоҷикистон эълон карда буд, ки бо сабаби таъйин нашудани сархатиби ин масҷид дар ҷумъаи аввале, ки ба рӯзи 9-уми июн рост омад, дар он ҷо намози ҷумъа хонда нашуд. Сипас, собиқ сархатиби ноҳияи Данғара Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода ҳамчун хатиб ба ин масҷид ба кор истихдом шуд ва имрӯз нахустин ҷумъае буд, ки дар он багузор гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.