Барномаи хабарии “ҲАФТА”

● Қатъи интернет дар Тоҷикистон тӯли як соат тасодуфӣ буд?

16 сентябр баъд аз нисфирӯзӣ ба якборагӣ дар саросари кишвар интернет қатъ шуд ва тӯли як соат мрадум дастрасӣ ба он надоштанд, ки ин комилан як падидаи нав буд.

Ин воқеъаи ногаҳонӣ эътирозу нигарониҳои муштариёну корбарони интернетро ба бор овард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддае мегуфтанд, ки дар ин вақт суръати интернеташон хеле паст шуда буд, аммо қатъ нашуд. Иддае дигар гуфтанд умуман дастрасӣ ба интернет надоштанд, ҳатто зангҳои дохилии шабакаҳо куллан қатъ шуд.

● Вазорати молия Тоҷикистон гуфт, буҷети кишвар тибқи нақша иҷро нашуд

Ба иттилои Вазорати молияи Ҷумҳури Тоҷикисон дар мудатти 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон 14 млрд. 352 млн сомониро ташкил додааст, ки 2,6% камтар аз нақшаи тасдиқшуда мебошад.

Ин бар ин маъност, ки дар ин давра ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар ҳудуди 400 млн сомонӣ яъне (наздики 39 млн доллар) камтар маблағ ворид гардидааст.

Тафсилоти бештар дар гузориши видеоӣ:

Azda TV

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.