Барномаи хабарии “ҲАФТА” |AZDА TV| برنامه ای خبری هفته اخبار تاجیکستان

● Дар шаҳри Хорӯғ кӣ гунаҳкор, кормандони БДА ё сокинони шаҳр?

Дар торихи 5 ноябр Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 4-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, як шаҳрванди 28 солаи шаҳри Хоруғ сокини маҳаллаи Хоруғи боло, ҳангоми рондани мошин дар дидбонгоҳи Бозрасии Давлатии Автомоблилӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, ба самти шаҳри Хоруғ фирор кардааст.

● Пас аз маросими савганд вазъият дар кишвар беҳтар шуд ё бадтар?

Ҳанӯз аз савгандёдкунии Расиҷумуҳур як ҳафта сипарӣ шуда, ки сокинон аз бебарқӣ, гароншавии маҳсулоти ниёзи аввал ва поинравии қурби миллӣ шикоят доранд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми октябр дар “Кохи Сомон” савганд ёд кард, ки дар ҳафт соли оянда “шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони поку дасту дили нек ва ба тамоми ҳастӣ” ба мардум хидмат мекунад. Бисёре аз сокинон ҳам ба ин бовар буданд, ки пас аз саваганд ёд кардани Рамҳон вазъ ба эътидол меояд. Аммо ҳоло Сокинони аксари минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз як ҳафта мешавад, ки барқ надоранд.

● Ятимов мансаб гирифт ё мукофот?

Котиботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи таъйини Саймумин Ятимов ба мақоми раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии ин кишвар ҳасби ҳоли ӯро мунташир ва дар қатори забонҳои хориҷӣ, ки ӯ балад аст, забони форсиро ҳам зикр кардааст. Ба ин тавр, ки “забонҳои хориҷии форсӣ, англисӣ ва русиро медонад”. Дар бораи инки Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо чӣ ҳадафе “забони форсӣ”-ро ба унвони забони хориҷӣ муаррифӣ кардааст, бисёре аз фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ воукиниш карданд.  Вале ҳоло аз тағйироти кадрии ахир ва бавижа аз Саймумин Сатторович Ятимов хоҳем гуфт, ки барои бори саввум мақом ва мансаби худро ҳифз кардааст.

Тафсилоти бештар дар видео: ⤵️

АЗДО ТВ шабакаи хабаррасонӣ ва таҳлилӣ буда, аз ҷониби гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷики бурунмарзӣ таъсис ёфта, дар кишвари Лаҳистон расман зери Бунёди Ҳамгироии Фарҳангҳо (FII) сабт шудааст. Шабака бо рӯйкарди чандрасонаӣ – видеоӣ, савтӣ, матнӣ ва графикӣ ба хотири беҳтару дақиқтар расондани ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон роҳандозӣ шуда, аз 1-уми июли соли 2020 ба кор оғоз кард.

#Azdatv#Аздотв#Точикистон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.

Як мақомдори баландпояи шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора боздошт шуд

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми зиёд боздошт шуд.