Барои мулоқот бо маҳбусон мақомот чи шарт гузоштанд?

Сурат: Радиои Озодӣ

Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон аз 16 ноябр дидорбинии маҳбусон бo наздиконашон иҷозат дода мешавад, дар ин бора “Азия-Плюс” аз манбааш аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Манбаи “Азия-Плюс” гуфтааст, ки маҳбусон пас аз ҳафт моҳ акнун метавонанд, ки наздикони худро бубинанд, танҳо рӯзи сешанбе иҷозаи мулоқот надоранд. Боқӣ дигар рӯзҳо, ҳатто рӯзи якшанбе низ мулоқотҳои шахсӣ иҷозат дода шудааст.

Ҳамчунин тибқи моддаи 16 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзои оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал ҳуқуқ доранд.

Гуфта мешавад, ки маълумотномаи тиббии надоштани коронавирус барои пайвандони маҳбусон ҳангоми вохӯрӣ ҳатмӣ мебошад. Вале манбаи “Азия Плюс” дар мавриди ҳатмӣ будани маълумотномаи ташхиси каронавирус аз наздикони маҳбусон изҳори беиттилоӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол яке аз пайвандони зиндониён ба шарти набурдани номаш дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфт, ки як масъули Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба онҳо гуфта, касе мехоҳад, ки бо зиндонияш мулоқот кунад, аввал бояд санади саломатӣ (Тести коронавирус) дошта бошад. Дар ҳолати доштани ташхиси тести каронавирус хонаводаҳо метавонанд бо пайвандонашон дар зиндон мулоқот кунанд. Дар ғайри ин сурат ба мулоқот иҷоза дода намешавад. Новобаста аз навъи мулоқот, чӣ аз наздик бошад ва чӣ аз паси шиша тавассути телефон.

Манбаи мо дар идома меафзояд, ки масъули зиндон ба онҳо гуфтаанд, ки барои озмоиши коронавирус ба дармонгоҳи рақами 4 (Санистанция) муроҷиат карда баъд аз ташхиси тиббӣ санадро аз онҷо бепул дар муддати 2-3 рӯз дастрас кунанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои ба дармонгоҳи рақами 4 (Санистанция) муроҷиат кардан аввал бояд аз сардухтури оилавии худ роҳхати тиббӣ (напрваления) гирифт ва барои ташхиси коронавирус муддати номуаян навбат поид. Барои ҳарчи зудтар он санадро дастрас кардан, ҳастанд дармонгоҳҳои дигаре, мисли “Диамед”, ки дар ивази 160 сомонӣ санади ташхиси коронавирусро дарёфт кард. Вале ӯ мегӯяд, барои як оилае, ки зиндонӣ дорад сари ҳар қадам маблағ масраф мешавад. Бар иловаи масорифи қаблӣ боз қиммати гарони ташхиси каронавирус саргардониҳои зиёдеро барои хонадони зиндониён ба бор овардааст.

“Тасаввур кунед агар аз хонадони мо барои дидори пайвандамон дар зиндон 3-4 нафар хостори мулоқот кунем чӣ қадар маблағ даркор мешавад, ки он санадро аз дармонгоҳҳои хусусӣ дастрас кунем? Дар ҳоле, ки он санади тиббӣ низ 72 соат муҳлати эътибор дорад”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Барои таҳқиқи ҷузъиёти хабар ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинотии Тоҷикистон тамос гирифтем, намояндаи Ситоди ин ниҳод Шарифзода Садриддин дар суҳбати телефонӣ ба “Аздо тв” масъалаи гузаштан аз ташхиси тиббӣ барои надоштани коронавирусро тасдиқ кард.

Ӯ гуфт: “Ин ба хотири таъмини бехатарии худи маҳкумшудаҳо аст, чунки маҳкумшудаҳо дар муассисаҳои ислоҳии типи лагерӣ нигоҳ дошта мешаванд, агар беморӣ аз берун ворид шавад имконияти паҳншавии он хеле зиёд аст ва пешгирӣ карданаш мушкил мешавад. Барои ҳамин талаб карда мешавад, ки маълумотнома барои надоштани ин беморӣ ҳангоми вохӯрӣ пешниҳод кунанд.”

Ба суоли ин ки оё маълумотномаи ташхиси коронавирус ройгон аст ё на, Шарифзода изҳори беиттилоӣ кард.

Масъули ниҳоди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии кишвар афзуд, ки ба хотири пешгирии паҳншавии бемории коронавирус вохӯриҳо манъ шуда буд, вале ӯ зимнан тасдиқ намуд, ки дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон гирифторони бемории мазкур дар байни зиёндониён вуҷуд доштанд ва 90 дарсади онҳо табобат гирифтанд. Маргу мур кам будааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомот пайваста рад мекард, ки ин беморӣ дар байни зиндониён паҳн нашуда аст. Аммо пайвандони зиндониён аз вуҷуди он ҳамеша нигарон буданд.

Маврид ба ёдоварсит, ки баъд аз хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии он дидорбинии маҳбусон бо наздиконашон иҷозат дода намешуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.