6.9 C
Dushanbe

Барои як муҳоҷир – як SIM-корт

Мақомоти Русия мехоҳад шумораи SIM-кортҳоро, ки ба номи шаҳрвандони хориҷӣ сабт мешаванд, маҳдуд кунад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуне таҳия шудааст, ки ба муҳоҷирон иҷозат намедиҳад, зиёда аз як SIM-корт дошта бошанд. Вале ҳоло муҳоҷирон метавонанд то 10 SIM-корт харидорӣ кунанд.

Таҳиягарон мегӯянд, ки ин қонун ба баланд бардоштани сатҳи амнияти миллӣ равона гардида, чунин маҳдудият ба муборизаи самаранок бо таҳдидҳои терроризм, ҷосусӣ, киберҷинояткорӣ ва қаллобӣ кумак мерасонад.

Гуфта мешавад, дар Русия аз 1-уми январи соли 2025 қоидаҳои нави сабти номи SIM-кортҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба иҷро даромада буд. Ва хариди SIM-корт танҳо ҳангоми ҳузури шахсӣ дар дафтари оператори алоқа ва пас аз гузаштани шиносоии биометрӣ имконпазир мебошад.

Раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва корҳои собиқадорони Дума Ярослав Нилов мегӯяд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши ҷараёни муҳоҷират зарур аст, ки назорат аз болои робитаҳои шаҳрвандони хориҷӣ пурзӯр карда шавад.

Бояд гуфт, давоми як соли ахир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар ва назорат аз болои онҳоро бештар мекунад.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин зери қонуне имзо гузошт, ки тибқи он аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти он дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон тариқи барномаи мобилӣ, озмоиш мегузаронанд.

Дар доираи ин озмоиш, муҳоҷироне, ки бе раводид ба ин минтақаҳо ворид мешаванд, вазифадоранд, ки аз бақайдгирии биометрӣ, аксбардории рақамӣ гузаранд ва барномаи махсуси мобилиро, ки макони будубоши онҳоро мефиристад, дар телефонҳояшон сабт кунанд.

Ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки макони будубоши хориҷиёнро дар ҳудуди Русия ба ҷуз меҳмонхонаву бемерхона назорат намоянд. Агар дар давоми се рӯз ягон сигнал ё маълумот дар бораи макони будубоши шахс ворид нашавад, муҳоҷир аз қайди муҳоҷиратӣ хориҷ карда мешавад ва ин метавонад боиси маҳдудиятҳо дар будубош ё ҳатто сабаби ихроҷ гардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.