Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария

Тоҷикистон бо зиёд кардани содироти тилло ба Суис (Швейтсария) мехоҳад ҳамкориҳои худро бо ин кишвар зиёдтар кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 19-уми августи соли 2024, Шараф Шерализода, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева бо Томас Йордан, раиси Бонки миллии Швейтсария мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот, ки дар шаҳри Зурихи Суис баргузор шуд, “ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои бонкиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Гуфта мешавад, дар ду даҳсолаи ахир Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо бонкҳои Суис беш аз пеш зиёдтар кардааст. Дар нимсолаи аввали ҷорӣ ҳам Тоҷикистон ҳаҷми содироти тилло ва дигар металҳои қиматбаҳои худ ба Суисро 135,2 маротиба зиёдтар намудааст. Дар ин давра Суис ҳам ба содиркунандаи асосии тиллову нуқра ва дигар металҳои ранга ва гаронарзиши Тоҷикистон табдил шудааст.

Зурих яке аз шаҳрҳои номдори Суис аст. Ин шаҳр маконҳои зиёди торихӣ ва зебоманзаре ҳам дорад, солона садҳо ҳазор нафар аз сайёҳони дунёро ба худ ҷалб мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.