Хабар УМУМӢ

Баррасии масоили Афғонистон байни Тоҷикистону Эрон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Президенти Эрон дар умури Афғонистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст. Акс: Интернет Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 23-ум июни соли 2022, Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон дар раъси як ҳайъати эронӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Президенти Эрон дар умури Афғонистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.

Акс: Интернет

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 23-ум июни соли 2022, Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон дар раъси як ҳайъати эронӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардаанд.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот “вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак”-ро баррасӣ карданд.

Акс: Интернет

Гуфта мешавад, заминларзаи ахири Афғонистон, ки зиёда аз 3500 нафар кушта ва захмӣ дошта, ҳазорон каси дигарро бехонаву дар кардааст, имрӯзҳо ҳамсояҳои Афғонистонро барои кумак кардан ба зарардигони ин ҳодиса бештар муттаҳид кардааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон аз аввалин кишварҳое буд, ки кумакҳои худро дар ҳавопайво ба оседидагони ин заминларза расонд ва як чархболи низомии кумакрасони Тоҷикистон низ дар аввалин соатҳои рӯзи 22-уми июни соли ҷорӣ дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт.

Мавзӯъҳои марбут