Баррасии масоили иқтисодии Тоҷикистону Туркия

Нишасти навбатии Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия бо ҳузури намояндаҳои ду кишвар баргузор шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми майи соли 2024 дувоздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Анқара, пойтахти Туркия баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро Шералӣ Кабир, вазир саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон раҳбарӣ кардааст.

Дар рафти нишаст ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ҳар ду тараф бояд аз шароит ва имкониятҳои мавҷуд ба наҳви хуб истифода карда, ҳаҷми муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро афзоиш диҳанд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Туркия ҳудудан 520 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аммо вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон ва Умар Булот, вазири бозаргонии Туркия дар мулоқоти худ таъкид кардаанд, ки бо таваҷҷуҳи ба имкониятҳои мавҷуд ҳаҷми доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишварро ба 1 миллиард доллар бирасонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.