Бемории Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон ва талаби озодии ӯ

Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҳафта боз дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ аст. 

Радиои Озодӣ дар истинод ба як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазо навиштааст, ки ин зиндонии сиёсиро барои хуруҷи бемории дилаш дар бемористон бистарӣ карданд, на барои фишору азият.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳоло ин рӯҳонии 80-сола зери назорати пизишкон буда, наздиконаш аз аҳволи ӯ хабар мегиранд.

Пайвандони Зубайдуллоҳи Розиқ бемории қалб доштани ӯро то замони боздошташ тасдиқ карда гуфтаанд, ки ин маҳбуси сиёсӣ дар соли 2015 як дафъа дилашро табобат карда буд.

Дар ҳамин ҳол Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ, писари Зубайдуллоҳи Розиқ дар суҳбат бо Azda.tv бистарӣ шудани падарашро дар бемористон тасдиқ карда гуфт, яке аз бародаронаш, ки дар Тоҷикистон аст, доруҳои заруриро бо машварати пизишкон ба падараш мерасонад.

Инчунин Ҳисомиддин гуфт, ки мехоҳад бо назардошти солхӯрдагӣ ва бемории қалб доштани падараш ба мақомот, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон нома навишта, озодии пеш аз муҳлати ин маҳбуси сиёсиро дархост кунад.

Гуфта мешавад, Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳи дигар маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ҳанӯз соли 2021 дар номае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоста буданд, ки барои бозбинии парвандаашон “дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ” мусоидат кунад, вале ба ҷойи посухи мусбат ин маҳбусони сиёсиро болояшон фишор оварда, дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда буданд.

Дар пайи расонаӣ шудани хуруҷи бемории қалби Зубайдуллоҳи Розиқ, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикиситон бо нашри изҳороте аз мақомоти кишвар хостааст, ки ин маҳбуси сиёсиро дар зудтарин замон озод кунанд, то таҳти муроқибати вежаи пизишкон қарор бигирад.

Дар изҳороташ КШНГЗС аз он нигаронӣ кардааст, ки ба далели саҳлангории кормандони зиндон сарнавишти Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад бо Зубайдуллоҳи Розиқ боз такрор нашавад.

Гуфта мешавад, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар умри 65-солагӣ, ки дар шароити хеле бад дар маҳбас нигаҳдорӣ мешуд ва аз бемориҳои қанду фишорбаландӣ ва қалб ранҷ мекашид, рӯзи 26-уми июли соли 2024 дар зиндони шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт.

Ёдовар мешавем, ки Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомотт Тоҷикистон боздошт ва бо иттиҳомҳои сохта барои 25 сол равонаи зиндон гардид.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии беқайду шарти ӯ ва ҳамраҳонашро хоста буданд, аммо мақомот ин талаби созмонҳоро ҳамеша нодида гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.