6.9 C
Dushanbe

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл ҳамчун пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ворид карданд.

Бино ба иттилои раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 39% зиёд мебошад.

Ҳамчунин ӯ гуфта, ки дар давоми соли гузашта шаҳрвандони хориҷӣ 2,3 миллион патент барои кор гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2024 9% бештар аст.

Ба гуфтаи Вячеслав Володин, зиёд шудани маблағи пардохтҳо ва шумораи патентҳо нишон медиҳад, ки сафи муҳоҷирони корие, ки ҳоло расмӣ кор мекунанд ва андоз месупоранд, зиёд шудааст.

Дар ҳоле даромади Русия аз патенти муҳоҷирон зиёд гардидааст, ки дар ин кишвар баҳси масъалаи тағйир, ислоҳ ё бекор кардани низоми патент барои муҳоҷирони корӣ идома дорад. Аз ҷумла, роҳбари ҳизби “Справедливая Россия — За правду” Сергей Миронов пешниҳод дорад, ки низоми патент бекор шуда, ба ҷойи он системаи ҷалби гурӯҳии коргарони хориҷӣ тавассути созишномаҳои давлатӣ ҷорӣ гардад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ гуфта буд, ки агар патентҳо то ҳол яке аз механизмҳои асосии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб раванд ҳам, аммо имкони истифодаи моделҳои дигар низ дар Русия вуҷуд дорад.

Бо вуҷуде оне ки муҳоҷирони корӣ даҳҳо миллиард ба буҷаи Русия фоида меоваранд вазъашон дар ин кишвар рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст.

Дар баробари рейдҳо ва фиристодани иҷбории онҳо ба ҷанги зидди Украина, вакилони рус чандин қонунро қабулу баррасӣ карда истодаанд.

Аз ҷумла, Володин хабар дод, ки ба Думаи давлатӣ чанд лоиҳаи қонун барои такмил додани сиёсати муҳоҷират пешниҳод гаштааст. Аз ҷумла, муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати зиёда аз се моҳ ба Русия меоянд, аз 90 рӯз то 30 рӯз кам карда шавад; барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шавад; муассисаҳои тиббӣ вазифадор шаванд, ки маълумот дар бораи натиҷаҳои муоинаро ба ВКД ва Роспотребнадзор ирсол намоянд. Илова бар ин, ба кумитаи соҳавии Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он муҳоҷирони корӣ бояд пардохти пешакии андозро на танҳо барои худ, балки барои аъзои оилае, ки дар Русия зери таъминоти онҳо қарор доранд, пардохт кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март...

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари тозаинтихоби Эрон

Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли 2026 раҳбари тозаинтихобшудаи Эрон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари олии ин кишвар табрик гуфт.