-0.1 C
Dushanbe

Бештари асирони ҳарбӣ аз Осиёи Марказӣ дар Украина зодагони Тоҷикистонанд

Дар Украина беш аз сад зода ва шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асорат қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар ин бора имрӯз, 23-уми январ Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” ба Azda.tv гуфт.

Дар посухи ин марказ гуфта мешавад, ки шумораи дақиқи асирони ҳарбӣ — ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам шаҳрвандони дигар кишварҳоро ифшо карда наметавонад, аммо шумораи умумии асирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сад нафар бештар буда, ин нишондиҳанда ҳар ҳафта афзоиш меёбад.

Бино ба иттилои лоиҳаи “Хочу жить”, шумораи бештари асирони ҳарбӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, пас аз онҳо шаҳрвандони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон қарор доранд.

Масъулони лоиҳа дар посухи катбӣ ба Azda.tv гуфтанд, ки то аввали соли 2026 дар ихтиёраш маълумоти шахсии беш аз 11 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад, ки дар сафи артиши Русия зидди Украина ҷангида истодаанд ё кушта шудаанд. Дар байни онҳо 3079 шаҳрванди Тоҷикистон, 4287 аз Узбекистон, 2045 аз Қазоқистон, 1262 аз Қирғизистон ва 488 шаҳрванди Туркманистон мебошанд.

Пештар маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” дар умум номи 1559 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда буд, ки бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия шартнома баста, зидди Украина меҷангиданд. Ҳамчунин ин марказ номи беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда буд, ки дар ин ҷанг кушта шуда буданд ва ҷавонтаринашон 18 ва калонсолтаринашон 70 сол доштааст.

Бояд гуфт, ин танҳо маълумоти шахсии афродест, ки лоиҳаи “Хочу жить” дар дасташ дорад ва шумораи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия бар зидди Укриана ҷангида истодаанд ва ё кушта шудаанд, метавонад чандин баробар бештар бошад. Чун аввали соли 2025 раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор нафар дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аммо бар хилофи Узбекистон, ки дар он ҷо иштирок дар ҷанг метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда расонад, дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати боздошт ё ҳукм нисбати сарбозон ё ҷалбкунандагон ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳатто додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд, чун баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд ва ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул кунад, талабот ва уҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунад.

Иддаои ин мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки борҳо муҳоҷирони тоҷики бе шаҳрвандии Русия аз ҷалби иҷборияшон ба артиши ин кишвар шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат ба муҳоҷирон пас аз адои хидмат ё бастани шартнома бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳуҷҷати ин кишвар дода мешавад.

Ҳатто Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” низ навишта буд, ки мақомоти Русия ҳангоми рейд аз зӯроварӣ ва фишори равонӣ нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ истифода бурда, онҳоро боздошт карда, баъдан маҷбур месозанд то бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо ваъдаи шаҳрвандӣ ё пули зиёд шартнома имзо намоянд. Дар сурати рад кардан, муҳоҷиронро бо зиндон ё ихроҷ кардан таҳдид мекунанд ё ҳатто латтукӯб менамоянд.

Пас аз ворид шудан ба артиш, тоҷиконро аксар вақт дар воҳидҳои ҷудогона ҷамъ карда, ба минтақаҳое равона месозанд, ки талафот дар онҷо махсусан зиёд аст.

Пештар ба Azda.tv як сарбози тоҷик низ гуфта буд, ки шартномаи яксолааш бо Вазорати дифои Русия ба охир расид, аммо бо гузашти ду моҳ аз он ва навиштани даҳҳо ариза ва нома ба Додситонӣ ва Вазорати дифои Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозаи рухсатиро ба ӯ надодаанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда буд, ки вазъи руҳияш бад асту чашми чапаш хуб намебинад ва маълумотнома (справка)-и духтур ва тавсифнома (характеристика)-и муовини фармондеҳи дастаи низомӣ (командири рота)-яшро ба даст овардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, ҳаққи идома ширкат дар ин ҷангро надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то...

Дар Русия муҳоҷирони Ҳиндустон ва Бангладеш ҷои тоҷикону узбеконро пур мекунанд?

Русия муҳоҷирони кориро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҳиндустону Бангладеш бештар карда, ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ихроҷ кардааст.

Криштиану Роналдо соли 2027 футболро тарк мекунад?

Эҳтимол меравад ҳамлагари дастаи "Ал-Наср"-и Саудӣ Криштиану Роналду дар соли 2027 фаъолияти касбии худро ба поён расонад.

Гузориши ғайримаъмул дар телевизиони давлатӣ аз вазъи ногувори шаҳраки Шарора

Дар як гузориши телевизиони давлатӣ "Илм ва Табиат" вазъи нигаронкунандаи шаҳраки Шарора дар шаҳри Ҳисор ба намоиш гузошта шуд.