Бедодгарии мавҷи ҷадиди коронавирус дар Олмон

Мавҷи ҷадиди коронавирус дар Олмон рӯзона даҳҳо ҳазор нафар сокинони ин кишварро ба ин беморӣ мубтало мекунад.

Хабаргузории “Садои Олмон“ ба нақл аз мақомот тандурустии ин кишвар хабар дод, ки танҳо дар шабонарӯзи гушзашта мубтало шудани 133 ҳазору 950 нафар ба коронавирус дар Олмон сабт шуда ва 175 кас ҳам бар асари бемории коронавирус фавтидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Институти Роберт Кох (RKI) сатҳи гирифторшавӣ ба ин бемориро (ба 100 000 нафар дар як ҳафта) рӯзи чоршанбе, 29 июн 646,3 дар рӯз пешбинӣ карда буд. Ин сатҳи гирифторшавӣ як рӯз пеш 635,8 нафар, як ҳафта пештар 488,7 ва як моҳ пеш аз ин 196,3 нафар арзёбӣ шуда буд.

Бо вуҷуди ин, ин омор тасвири пурраи вазъи паҳншавии ин бемориро дар Олмон ифода намекунанд. Зеро ба гуфтаи бархе коршиносон. шумораи зиёди гирифторони ин беморӣ аз ҷониби RKI сабт нашудааст ва бархеи дигар низ дар назди мақомоти беҳдоштӣ аз санҷиши коронавирус нагузаштаанд.

Гуфта мешавад, то кунун дар Олмон санҷишҳои таъҷилии беморон ба хотири коронавирус ройгон буд, вале пас аз 1-уми июли соли ҷорӣ арзиши ташхисҳои фаврӣ пулакӣ эълон шуда, нархи он 3 евро барои сокинон таъйин  шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.