Ду заминҷунбии ҷадиде бо бузургии 3,6 ва 4,5 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер манотиқе аз ҷанубу шарқи Туркияро бори дигар такон доданд.
Акс: ИнтернетДу заминҷунбии ҷадиде бо бузургии 3,6 ва 4,5 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер манотиқе аз ҷанубу шарқи Туркияро бори дигар такон доданд. Акс: Интернет Бино ба иттилои Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои наҷот дар Туркия аз он хабар медиҳанд, ки пас аз 73 соат ду тифлеро ҳамроҳи модарашон зиндаву саломат аз зерои оворҳои ба ҷо монда аз […]
Ду заминҷунбии ҷадиде бо бузургии 3,6 ва 4,5 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер манотиқе аз ҷанубу шарқи Туркияро бори дигар такон доданд.
Акс: ИнтернетНахустин кумакҳои Созмони Милал ҳам субҳи имрӯз аз тариқи Туркия вориди Сурия шуд. Ин кумакҳо бештар маводи гармидҳӣ, аз ҷумла хайма, курпаву курпача ва ғайра иборат мебошанд.
Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо ҳам аз кишварҳои узви ин иттиҳодия ва дигарон хостааст, ки новобаста аз ҷойгиршавии сокинони зарардида дар Сурия бояд ба онҳо кумакҳои инсонӣ расонида шавад.
Гурӯҳҳои наҷот корҳои кумакрасонӣ ба мардумони зарардида ва зери оворҳо боқӣ монданро идома медиҳанд. Субҳи имрӯз як гурӯҳи наҷот иборат аз 50 нафар аз Тоҷикистон ҳам вориди Турия шуд.
Гуфта мешавад, мақомоти Туркия қавл додаанд, ки тамоми сокинони зарардида ба ҷои амн таъмин карда мешаванд ва дар муддати камтар як аз сол тамоми хонаҳои сокинони зарардида сохта ба истифода дода хоҳанд шуд. Парлумони Турия низ имрӯз барои эълони ҳолати фавқулъода дар 10 вилояти зарардида ба муддути се моҳ раъйгирӣ мекунад.