Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз 44 кишвари дунё беш аз 51 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт кардааст.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз кишварҳои кумакрасон ба маблағи беш аз 51 миллиону 843,9 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид шуда, дар маҷмуъ 5 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Кумакҳо аз орд, равғани растанӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра иборат буда, аз ҳама бештар ИМА – 39,7%, Чин – 36,9% ва Ҷопон – 7,9% ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодаанд.