Хабар УМУМӢ

Бизнеси нав дар зиндонҳои Тоҷикистон

Дар зиндонҳои Тоҷикистон ба маҳбусони сиёсии “дардисарсоз” либоси ғафси зимистона (бушлат)-ро бепул, аммо ба дигар маҳбусон бар ивази пул медиҳанд. Акс: Интернет Як корманди зиндон бо шарти ифшо нашудани номаш ба Аздо тв хабар дод, ки раёсати зиндонҳо дар дохил тиҷорати наверо шуруъ кардаанд. Ба иддаои ӯ, кормандони зиндонҳо либосҳои зимистонаро ба нафароне, ки “дардисарсозанд”, […]

Дар зиндонҳои Тоҷикистон ба маҳбусони сиёсии “дардисарсоз” либоси ғафси зимистона (бушлат)-ро бепул, аммо ба дигар маҳбусон бар ивази пул медиҳанд.

Акс: Интернет

Як корманди зиндон бо шарти ифшо нашудани номаш ба Аздо тв хабар дод, ки раёсати зиндонҳо дар дохил тиҷорати наверо шуруъ кардаанд. Ба иддаои ӯ, кормандони зиндонҳо либосҳои зимистонаро ба нафароне, ки “дардисарсозанд”, монанди зиндониёни сиёсӣ бе пул тақсим мекунанд. Аммо аз маҳбусони дигар барои он пул талаб доранд.

Ин корманди зиндон мегӯяд, тибқи қонуну қарорҳои маҳбас маҳбус ҳақ дорад бо либосҳои зарурӣ таъмин шавад ва хусусан либосҳои зимистона бояд бе пул ба маҳбусон дода шавад.

Гуфта мешавад, нархи ин либосҳо аз 300 то 2000 сомонӣ нарх дошта, аз ҳама арзонаш сифати хеле паст дорад.

Бештари маҳбусон аз оилаҳои камбизоат буда, имкони хариди либоси ғафси зимистона (бушлат)-ро надоранд ва аз раёсати зиндонҳо талаб доранд, ки ин либосҳо ба онҳо бепул дода шавад.

Мавзӯъҳои марбут