11.9 C
Dushanbe

Бо шиканҷа узвият дар “Салафия”-ро ба дӯш гирифтанд, аммо намедонанд он чист

Наздикони як гурӯҳ аз шаҳрвандон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафия” дастгир шуда буданд, шикоят кардаанд, ки пайвандонашон гуноҳе надоранд ва дар зери фишору шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд.

Хонаводаи маҳкумшудаҳо дар шикояти худ ба роҳбари созмони “Преспектив+” ва узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Ойниҳол Бобоназарова гуфтаанд, ки наздикони маҳкумшудаашон ҳатто намедонанд, ки “Салафия” чи созмонест ва кадом ҳадафҳоро дунбол мекунад.

Ба гуфтаи онҳо фарзандонашон маҷбуран ва бо фишору шиканҷа шудан ин гуноҳро ба дӯш гирифтанд.

Чанде аз вакилони дифои ин гурӯҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки зерҳимояҳояшон гуноҳе надоранд ва ба ҳеч созмони ғайриқонунии диние шомил нестанд. Ҳамчунин тафтишот узвияти онҳоро ба созмоне тасдиқ накардааст. Ба гуфти вакилони дифоъ, мақомот бо фишору шиканҷа аз онҳо нишондод гирифтаанд ва танҳо ҳамчун далели шайъӣ ҳамин нишондодҳо аст.

Вакили дифои яке аз маҳкумшудагон, ки нахост аномаш зикр шавад, ба “Азия-Плюс” гуфта, ки зерҳимояашро ҳамроҳи 17 нафари дигар бо гумони пайравӣ ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” гунаҳкор мекунанд ва алайҳашон бар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (КҶ ҶТ) парванда боз намудаанд.

“Зерҳимояи ман ва дигаронро ба он гунаҳкор мекунанд, ки дар арафаи идҳои мусулмонӣ ош ташкил намуда, ба хонаи яке аз дигар боздоштшудаҳо, ки маъюб аст, аёдат рафтаанд ва дар онҷо баъди хурдани ош байнашон суҳбатҳои динӣ шудааст. Гӯё дар ҳамин суҳбатҳо дар бораи равияи “Салафия” сухан мерафт ва онҳо баҳс мекарданд.”

Вале ӯ гуфт, ҳамаи гумонбарон, аз ҷумла зерҳимояи ӯ, чунин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки дар бораи равияи “Салафия” умуман маълумот надоранд. Ӯ аз қавли зерҳимояаш гуфт, ки онҳо дар нишастҳо дар бораи кор ва ҳолу ҳавои зиндагии ҳаррӯзаи худ суҳбат кардаанд ва танҳо беморро айёдат мекарданду мерафтанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ 18 нафар сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро кормандони ВКД-и ноҳия баъд аз иштирок дар хонаи як дӯсташон дастгир каданд.

Ба гуфтаи вакилони дифоашон, дар аввал нисбати онҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд ва сипас бе ягон далели истиботкунанда алайҳашон бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар ҳолати ҳассос қарор доранд.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

Ҳайати ПМТ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

Дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.