5.9 C
Dushanbe

Банкоматро дар Хатлон ғорат карданд, бонк хабар надорад

Шаби 8-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чанд бонкоматро ғорат кардаанд, аммо ба гуфтаи шоҳидон, бонк хабар надорад аз ин воқеа.

Акс аз Интернет

Телеграм-канали Parviz TV бо такя ба манобеаш иттилоъ дод, ки шаби 7-ум ба 8-уми март дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар (собиқ шаҳри Қурғонтеппа) чанде аз бонкоматҳои сарироҳӣ шикаста ва маблағҳои онҳо ғорат шудааст.

Аммо дар хабар гуфта нашудааст, ки ғаротгарон бонкоматҳои кадом бонки Тоҷикистонро ба яғмо бурдаанд. Ҳамчунин ҳаҷми моли дуздидашуда чӣ миқдор аст, маълум нест. Аммо корбарон менависанд, ки бонкоматҳои шикасташуда ба бонки “Душанбе-Сити” тааллуқ доранд.

Дар вокуниш ба ин хабар бархе корбарон мегӯянд: “Бонкоматҳои “Душанбе-Сити” ҳамеша маблағ надоранд, дуздон беҳуда шикастаанд онҳоро”.

Корбарон низ мегӯянд, то ҳол масъулини бонк аз ин ғоратгарии бонкоматҳояшон хабар надоранд.

Дар ҳамин ҳол як корбар бо номи Shodonjon Nasriddinzoda менависад: “Аз ин ҳолат маълум мешавад, ки бонк кафолати амнияти нигаҳдории маблағро надорад. Зеро агар медошт дар ҳолати ғорат кардан бояд система онҳоро огаҳ кунонад!!!

То ҳол мақомоти дахлдори шаҳри Бохтар аз боздошти гумонбарони ин ҳодиса хабаре надодааст.

Ин дарҳолест, ки моҳи сентябри соли гузашта низ дар шаҳри Бохтар бонкоматҳои бонки “Душанбе-Сити”-ро шикаста буданд. Маблағи дуздидашуда 25 ҳазор сомонӣ гуфта мешуд. Мақомоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар ин ҷинояти дуздӣ як ҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Кӯшониёнро боздошт карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.