БОР ба Тоҷикистон $43,2 млни дигар медиҳад

Бонки осиёии рушд барои беҳбуди амният ва эътимоднокии шабакаи роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон 43,2 миллион доллари амрикоӣ маблағгузории иловагӣ мекунад.

Бино ба иттилои БОР гранти иловагӣ барои таъмиру навсозии қитъаи роҳи масофааш 40 километр аз Оқмазор то Бохтар дар минтақаи сераҳолии Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон масраф мешавад.

Директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков дар ин бора мегӯяд, ки “Бо назардошти мавзеи кӯҳистонӣ будан, надоштани роҳи баромад ба баҳр ва далели начандон фаъол будани дигар навъи воситаҳои нақлиёт дар равуои мардум ва интиқоли бору маҳсулот дар Тоҷикистон чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар, роҳҳои автомобилгард нақши калидӣ доранд”.

Ба гуфтаи ӯ, БОР барои беҳбуди долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ҳамаҷониба кумак кардааст ва айни замон барои беҳбуди шабакаи роҳҳои дохилии Тоҷикистон кор карда истодаанд.

Инчунин қисмате аз ин кумаки бебозгашт буда, барои мусоидат ва дастрасии занон ба фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона мегардад, ки ҳадафҳои аслии ин лоиҳа тавассути барномаҳои таълимӣ рушди малакаҳо дар идоракунӣ, оғози тиҷорат ва молия дар хонаводаҳо мебошад.

Дар хабари БОР қайд гардида, ки ин грант илова ба лоиҳаи грантии кунунии 67,5 миллион долларӣ мебошад, ки дар соли 2020 аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд барои таъмиру навсозии қитъаҳои роҳи Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт, рушди системаи идоракунии дороиҳои роҳ ва беҳтар намудани дастрасии занон ба имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба Тоҷикистон равона гардида буд.

БОР бузургтарин кумакрасони Тоҷикистон аст, ки аз соли 1998 ба ин тараф беш аз 2,5 миллиард доллар, аз ҷумла беш аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ кумаки молӣ, яъне грант додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва...

Кушта шудани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина

Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Додгоҳи Сурия Башор Асадро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноятии Сурия собиқ президенти ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҷазои қатл маҳкум кард.

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.