БОР: IRS сабабгори коҳиш ёфтани гардиши мол дар Тоҷикистон шудааст

Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар як гузориши худ, дар бораи пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки боиси 19 дарсад кам шудани гардиши мол дар Тоҷикистон шуд, навиштааст. Ин гузориш рӯзи 22-декабри соли ҷорӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ бознашр шуд.

Аз замони пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Хуҷанд 10 сол гузашт. БОР, ки яке шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад, дар ин гузориши худ дар бораи фоида ва зарари ба ихтиёри ширкати офшории IRS (Innovative Road Solutions) супурда шудани яке аз муҳимтарин роҳҳои Тоҷикистонро гуфт.

Ин гузориш зери унвони “Оё шарикии давлат ва бахши хусусӣ­ ақибмондагии зербиноҳои Тоҷикистонро ҳал мекунад?”, дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бо пулакӣ шудани ин роҳ сифати он дар сатҳи хуб нигаҳдорӣ мешавад ва пайванди шимолу маркази кишварро дар чаҳор фасли сол таъмин менамояд.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳои БОР, бо пулакӣ шудани роҳ хароҷоти боркашонии тоҷирони хурд зиёд шуда, боис ба 19 % коҳиши гардиши мол гардид.

Дар ин гузориш омадааст, ки Тоҷикистон барои навсозии роҳи Душанбе – Хуҷанд қариб 296 миллион доллар харҷ кардааст. Аз ин маблағ 281 миллион доллар қарзи Чин буда, ба муҳлати 20 сол ва бо баҳраи солонаи 2 дарсад ба Тоҷикистон дода шудааст.

Навсозии роҳ низ аз ҷониби ширкати чинӣ  аҷом шуда, тӯли он 354 километр гуфта мешавад. Ва дар ин масир ҷамъан 39 пул, 3 нақби дароз ва айвонҳои кӯтоҳ мавҷуданд. Дар ин санад гуфта мешавад, ки мувофиқи созишнома қарор аст Тоҷикистон аз соли 2010 то 2029 ин қарзро ба Чин бозгардонад.

Баъд аз анҷоми сохтмони роҳ, ки ба соли 2010 рост меояд, ҳукумати Тоҷикистон идораи роҳро ба ширкати IRS ба муҳлати 30 сол супурд. Ин ширкат аз пардохти ҳама гуна андозу боҷ, ба ҷуз аз пардохтҳои иҷтимоӣ озод аст.

Радиои Озодӣ бо такя ба гузориши БОР менависад, ки Молики ширкат маълум нест, аммо IRS ширкати офшорӣ буда, дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё “аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон сабти ном шудааст”.

Бино ба навиштаи муаллифони ин гузориш “созишнома миёни ҳукумат ва ин ширкат ҳеч гоҳ дастраси омма нашуд. Як сабаби оммавӣ нашудани санад он аст, ки IRS бе эълони раванди тендерӣ интихоб шуд.”

Дар Тоҷикистон ва ҷаҳон тибқи қоидаҳо ҳама гуна молу ашё ва хидматрасоние, ки давлат мехарад ва ё ба ихтиёри ширкате мегузорад, бояд бар пояи музояда ё тендер баргузор шавад, то имкони интихоби шароити беҳтарин барои давлат фароҳам ояд.

Бо гузашти беш аз 10 сол молики асосии ширкати IRS маълум нест. Моҳи июли соли 2010 радиои “Мавҷи Олмон” бо такя ба манобеи худ навишт, ки IRS ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон ҳоло муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аст он замон муовини вазири молия тааллуқ дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.