24.5 C
Dushanbe

Боз барканории ду мансабдори дигар дар қазияи Мадина

Дар пасманзари қатъ гардидани парвандаи Мадина Маҳмадҷонова боз ду корманди баландпояи мақомоти ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Пойгоҳи иттилоотии “Бомдод” аз манобеъаш рӯзи 12-уми ноябр хабар дод, ки яке аз ин нафарони сабукдӯшшуда Истамзода Машраф, муовини сардори ШВКД-2 Сино мебошад.

Гуфта мешавад, маҳз ӯ масъулияти назорат ва тафтиши парвандаи Мадина Маҳмадҷоноваро пеш мубурдааст. Сабаби аз кор озод кардани Истмазода “саҳлангорӣ ва хунукназарӣ дар тафтиши парванда” арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, нафари дуюме, ки дар ин қазия аз мансабаш сабукдӯш шудааст, муовини дигари сардори ШВКД-2 Сино, подполковник Шукур Раҳимов мебошад. Гуфта мешавад, ин нафар парвандаи Мадинаро то ба марҳилаи “афв” бурда расондааст.

Пештар дар расонаҳо аз бадрафторӣ ва қонуншиканиҳои Истамзода Машраф хабарҳои зиёде нашр шуда буд. Номи ӯ 2019 пас аз қазияи боздошт ва таҳқири Нилуфар Раҷабова, духтари зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар “рейди ҳиҷоб” дастгир гардид ва аз тарафи Ситамзода таҳқир шуд, сари забонҳо гардид.

Ёдовар мешавем, ки пас аз оне ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қазияи бераҳмона латукӯб шудани Мадина Маҳмадҷоноваро зери назорат гирифт, 4 мансабдори баландпояи мақомот, аз ҷумла сардори ШВКД-2 Сино Зафар Исмоилзода ва инак ду муовинаш, Истамзода Машраф ва Шукур Раҳимов ва инчунин муовини аввали додситонии ноҳияи Сино Суҳроб Салимзода, бародари Шерхон Салимзода аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.