Боз як ҷавони тоҷикро дар муҳоҷират куштанд

Сурат: Радио Озодӣ

Дар шаҳри Сургути Русия як ҷавони тоҷикро бо номи Ризвоншоҳ Юсуфов, ки 26 сол доштааст, бо се зарбаи корд куштанд.

Рӯзи 11 октябр Файзулло Аминов, роҳбари Маркази милливу фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Сургут ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“бо мусоидати аъзои Марказ ва тоҷикони хайрхоҳ ҷасади Ризвоншоҳ Юсуфов рӯзи 9-уми октбяр ба Тоҷикистон фиристода шуд”.

Гуфта мешавад, Ризвоншоҳ Юсуфовро рӯзи 10-уми октбяр дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дафн кардаанд.

Аминов дар идома гуфтааст, дар мавриди ҷузъиёти қатли ин ҷавони тоҷик маълумоти аниқ надорам.

“Ба мо муроҷиат карданд, ки ҷасади ҷавони тоҷикро бояд фиристем, аммо ӯ касе надоштааст. Ман танҳо ба корҳои ташкилии интиқоли ҷасад машғул будам, дар бораи чӣ гуна кушта шуданаш пурра маълумот надорам”.

Ҳуқуқшиноси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Сургут қазияи қатли ҷавони тоҷикро пайгирӣ дорад, то омилони ин куштор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, гуфтааст Аминов.

Ризвоншоҳ рӯзи 6 – уми октябр бо даъвати як шаҳрванди доғистонӣ рафта будааст, ки бо захмҳои шадид баргашта ва ба беморхона интиқолаш додаанд, ки дар натиҷа ҷон додааст.

Илҳом Бобоҷонов, яке аз дӯстони Ризвоншоҳ Юсуфов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст: ӯ  рӯзи 6-уми октябр бе огоҳ кардани дӯстону наздикон бо даъвати як доғистонӣ ба боғи “Сайма”-и Сургут  рафта будааст,  ба гуфтаи Бобоҷонов   Ризвоншоҳ се моҳи пеш бо нафароне, ки ӯро даъват карданд, муноқиша  карда будааст.

Бобоҷонов дар идома гуфтааст: “Намедонам сабаби ҷанҷоли онҳо чӣ буд. Ризвоншоҳ варзишгар буд ва ба худаш боварӣ дошт. Рафт ва дар он ҷо ӯро се корд задаанд. Баъд аз ин, 18 соат бо ҷароҳат дар беморхона хоб буд ва аз дунё даргузашт”.

Пулиси Русия бо гумони куштори ин шаҳрванди Тоҷикистон як нафарро дастгир кардааст, вале то ҳол дар ин маврид маълумоти пурра ироа накардаанд.

Гуфта мешавад, Ризвоншоҳи 26-сола ягона фарзанди хонавода буда, дар хурдсолиаш аз падар маҳрум мондааст. Тайи чанд соли охир дар Русия  дар муҳоҷират буда, ба таъмири хонаҳо машғул будааст.

Ҳамсола садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби ашхоси номаълум кушта мешаванд, ки дар аксари ҳолат ҷиноятҳои куштор аз тарафи пулиси Русия ошкор намегардад. Коршиносон сабаби пайгирӣ ва пайдо накардани муҷримони қазияи куштори тоҷиконро дар бетаваҷҷуҳии мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Русия ва худи ҳукумати Тоҷикистон медонанд, ки бо сабабҳои гуногун вокунише намекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.