5.9 C
Dushanbe

Боз як корманди ҳукуматӣ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд

Акс аз “ТАСС”

Корманди шӯъбаи саноат ва нақлиёти ҳукумати шаҳри Кӯлоб Давлатов Саидмумин Гадомадович аз Мирова Соҷида Хушвахтовна барои аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ моҳи майи соли 2019 10000 сомонӣ пора гирифтааст. Номбурда аз тарафи Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дастгир шудааст.

Бинобар иттиллои маркази матбуоти Оҷонси мубориза бо фaсоди Тоҷикистон Давлатов Саидмумин бо ҳамин тарзу усул низ аз 12 шаҳрванди дигар ба миқдори 156000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати худ истифода намудааст.

Гуфта мешавад, ки оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов С.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.

Парвандаи ҷиноии корманди шӯъбаи саноат ва нақлиёти ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар ҳорле дар баррасии суд қарор дорад, ки моҳи гузашта Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб низ бо иттиҳоми ба таври ғайриқонунӣ ва бар ивази 400.000 сомонӣ вогузирии қитъаи замин боздошт шуда ва феълан тафтишоти парвандаи ӯ идома дорад.

Фурӯши замин бо ҳар баҳона тавассути мақомот ва масъулини ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар ин авохир як амали роиҷ ва маъмулӣ шудааст. Дар тамоми навоҳӣ ва шаҳру рустоҳои Тоҷикистон замини наздиҳавлигӣ ва ё замин барои кишт ва ё замин барои бунёди ягон корхона ҳатман бар ивази пули калон дода мешавад. Гуфта мешавад дар ин кор, яъне заминфурӯшӣ аз раиси ҷамоату раиси хоҷагии деҳқонӣ гирифта то раиси шаҳру ноҳия,кумитаи замин ва прокурору суд шариканд ва замин феълан ба як манбаи асосии даромади масъулон бадал шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.