13.9 C
Dushanbe

Боз як тоҷик дар Русия бо дархости Қирғизстон боздошт шуд

Комилҷон Юлдошев, як сокини шаҳри Исфара дар Маскав бо дархости Бишкек боздошт шудааст. Дар ин бора ба расонаҳо наздикони Юлдошев хабар доданд.

Ба гуфтаи яке аз надикони Комилҷон, ӯро рӯзи 16-уми ноябр вақти расидан ба Маскав дар фурӯдгоҳи Домодедово дастгир карданд. Сабаби дастгир намуданашро ба ӯ гуфтаанд, ки бо дархости Ҷумҳурии Қирғизистон дар кофтукоб аст ва бояд дастгир шавад.

“Ҳоло Комилҷонро дар фурӯдгоҳи Домодедово нигоҳ медоранд. Бояд имрӯз додситон биояд ва масъалаи чораи пешгирӣ нисбати ӯ муайян шавад”,-гуфтааст Осимҷон Юлдошев яке аз наздикони комилҷон ба Радиои Озодӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия то ҳол дар бораи боздошти Комилҷон Юлдошев изҳори назар накардаанд. Хонаводаи ӯ мегӯянд, ки бо дархости кумак ба сафорати Тоҷикистон тамос гирифтаанд.

Комилҷон Юлдошеви 29-сола зодаи деҳаи Сурхи Исфара аст, ки ҳаммарз бо Қирғизистон аст. Ба гуфтаи наздиконаш, мақомоти қирғиз Комилҷонро ба ширкат дар муноқишаи марзӣ муттаҳам кардаанд, ҳарчанд ӯ дар ягон даргирии марзӣ ширкат накардааст.

Комилҷон Юлдошев ягона шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия дастгир шудааст. Ахиран Диловар Ҷӯраев, як сокини дигари ҷамоати Ворух, ки бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир шуда буд, рӯзи 16-уми ноябр аз боздошт раҳо шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ҷӯраевро баъди муроҷиати онҳо раҳо карданд. Ба гуфтаи худи Ҷӯраев додситонии Русия ӯро “бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист” озод намудааст.

Аз ин пеш, Русия бо талаби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дастгир карда, чанд моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошт. Ӯро моҳи июни имсол озод карданд.

Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр аз мақомоти Қирғизистон хоста буд, ки оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.