Бар асари ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Чугуеви вилояти Харкови Украина шаҳрванди Тоҷикистон Измиддин Зайниддинови 38-сола кушта шудааст. Акс: ИнтернетАкс аз Радиои Озодӣ Дирӯз 23-юми июни соли 2022, ҷасади Зайниддиновро аз зери харобаҳои қаҳвахонае дар ин шаҳр пайдо карда, дар яке аз қабристонҳои Харков ба хок супурдаанд. Дар сафорати Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Бар асари ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Чугуеви вилояти Харкови Украина шаҳрванди Тоҷикистон Измиддин Зайниддинови 38-сола кушта шудааст.
Акс: ИнтернетАкс аз Радиои Озодӣ
Дирӯз 23-юми июни соли 2022, ҷасади Зайниддиновро аз зери харобаҳои қаҳвахонае дар ин шаҳр пайдо карда, дар яке аз қабристонҳои Харков ба хок супурдаанд.
Дар сафорати Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари марги Измиддин Зайниддинови 38-соларо тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ӯ ду сол пеш аз Русия барои кор ба Украина омада буд ва корҳои гуногунро иҷро мекард.
Гуфта мешавад, қаҳвахонае, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар он буд, дар канори роҳ ҷойгир будааст. Тавре маълум гардид, Измиддин зодаи ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, зан ва ду фарзанд доштааст.
Гуфта мешавад, 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия бо раҳбарии Владимир Путин ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро оғоз кард ва то кунун ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Дар натиҷа ин ҳамлаҳои Русия, беш аз 8 миллион нафар дар ин кишвар муҳоҷир, ҳазорҳо нафар куштаву ҳазорҳо каси дигар захмӣ ва ба ин монанд ҳазорҳо каси дигар боздошт шудаанд. Дар миёни захмиён ва кушта шудаҳо аз ҳарду ҷониб шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо омори дақиқи онҳо вуҷуд надорад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.