Боз як зодаи Бадахшон дар Маскав боздошт шуд

Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия зодаи Бадахшон Абдуллобеков Акбар боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, наздикони Абдуллобеков Акбар гуфтаанд, ки кормандони интизомии Русия ӯро бо дархости додситонии Тоҷикистон дар ҳудуди метрои “Кузминки” боздошт кардаанд.

Абдулобеков 29 сол дошта, зодаи шаҳри Хоруғ мебошад. То ҳол сабаби аслии боздошт ва дар куҷо нигоҳдорӣ шудани ӯ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, фаъолони помирӣ аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Пештар аз ин, бо қарори додгоҳҳои Русия Руслан Пӯлодбеков, Ҷонибек Чоршанбиев, Муслим Наврӯзов, Чоршанбе Чоршанбеев ва чанд тани дигар ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Ва қабл аз онҳо Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуда буд.

Ҳамаи ин афрод зодагони ВМКБ буда, дар Русия кору фаъолият мекарданд ва қисме фаъолони диаспораи помирӣ буда, бар зидди саркӯби мақомоти тоҷик алайҳи аҳолии Бадахшон садо баланд карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.