Пешгирӣ аз қочоқи $90 ҳазор аз Узбекистон ба Тоҷикистон

Мақомоти марзбонии Узбекистон дар дидбонгоҳи марзии “Фарҳод” як занро боздошт карданд, ки мехостааст 90 ҳазор долларро ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ интиқол бидиҳад.

Акс аз “газета.uz”

Кормандони гумрук ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон зодаи шаҳри Бекободи Узбекистон Ш.М. (соли таваллудаш 1979)-ро дар гузаргоҳи “Фарҳод”-и Узбекистон боздошт кардаанд, ки ба гуфтаи мақомоти узбек, ӯ дар пойафзораш 20 ҳазор доллар ва дар байни либосҳояш 70 ҳазор долларро пинҳон карда, мехостааст онро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Тавре маркази матбуоти Хадамоти амниятии Узбекистон хабар медиҳад, ин зан ду дафъа талош карда, ки миқдори 90 ҳазор (як маротиба 20 ва маротибаи дуюм 70 ҳазор) долларро ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ гузаронад.

Ба иддаои мақомоти Узбекистон, тафтишот муайян карда, ки 90 ҳазор доллар ба шаҳрванди Тоҷикистон – аз ӯ ном бурда намешавад – тааллуқ дошта, ин зан ҳамчун хаткашон кор мекардааст.

Гуфта мешавад, нисбати Ш.М. бар асоси моддаи 182 (вайрон кардани қонунгузории гумрук)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Чанде пеш мақомоти гумруки Узбекистон аз қочоқи 356 ҳазор доллари амрикоӣ тавассути шаҳрвандони Узбекистон ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Он замон низ соҳиби маблағҳоеро, ки мебоист ғайриқонунӣ интиқол дода шаванд, як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд гуфта буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.