Хабар
УМУМӢ
Боз шудани хатсайри нави “Сомон Эйр” байни Душанбе ва Мюнхен
Ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ “Сомон Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири нави Душанбе-Мюнхен хабар дод. Дар ин бора маркази матбуоти ширкат иттилоъ медиҳад. Акс: Интернет “Парвозҳо дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе аз 6 июни соли 2022 оғоз шуда, ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат мегиранд. Парвоз аз Душанбе соати 06:00 ва аз Мюнхен соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ […]
Ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ “Сомон Эйр” аз оғози парвозҳо дар масири нави Душанбе-Мюнхен хабар дод. Дар ин бора маркази матбуоти ширкат иттилоъ медиҳад.
Акс: Интернет
“Парвозҳо дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе аз 6 июни соли 2022 оғоз шуда, ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат мегиранд. Парвоз аз Душанбе соати 06:00 ва аз Мюнхен соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода мешаванд”, омадааст дар хабари ин ширкат.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз оғози пандемияи коронавирус ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар хатсайри Душанбе-Франкфурт парвоз мекарданд.