Боз як бародари дигари Толиб Аёмбеков боздошт шуд

Мақомоти қудратии кишвар боз як бародари дигари Толиб Аёмбеков, Рашид Аёмбековро боздошт кардааст. Ӯ охирин нафар аз бародарони Толиб буд, ки боздошт нашуда буд. Сабаби боздошти ӯ то ҳол маълум нест.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, кормандони милиса 14-уми апрели соли ҷорӣ Рашид Аёмбековро дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми берун шудан аз ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт кардаанд. 

Яке аз пайвандонаш хабари боздошти Аёмбековро тасдиқ карда гуфта, ки ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот мисли ҳамеша хомӯшанд ва боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд.

Пайвандони Рашид Аёмбеков мегӯянд, ки ӯ ҳеч гуноҳе надошт ва то соле пеш ба ҳайси ронанда дар Беморхонаи ёрии таъҷилӣ кор мекард.

Рашид Аёмбеков бародари дуюми Толиб Аёмбеков буда, аз се бародараш фақат ӯ дар озодӣ буд. 

Аз хонаводаи Аёмбековҳо Рашид даҳум нафар аст, ки боздошт мешавад. Пештар аз ӯ полковники бознишастаи Идораи марзбонии Тоҷикистон Толиб Аёмбеков ба ҳукми абад, бародаронаш Оқил ва Аноятшо Айёмбековҳо ба муҳлати 30 солӣ ва бародарзодааш Мамадамон Аёмбеков барои 10 сол равонаи зиндон шудаанд.

Инчунин мақомот писарони Толиб Аёмбеков Мамадалӣ Айёмбеков (соли 2019 дастгиру муҳокима шуда буд) дар умум ба 22 сол зиндон, Ғуломалӣ Абдураҳмонови 33-сола ба ҳукми абад ва Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-соларо ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Наздиконашон боздошт ва ҳукмҳои сангини додгоҳро нисбати Аёмбековҳо дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва онро ба идомаи саркӯбҳои мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшон рабт додаанд.

Мақомоти кишвар баъд аз саркӯби эътирози сокинон дар Хоруғ ва Рӯшон бо баҳонаи мубориза бо ҷинояткорӣ даҳҳо фаъолу чеҳраҳои шинохтаро дар ВМКБ боздошту зиндонӣ карданд. Инчунин мақомот таъқиби зодагони Бадахшонро дар хориҷ аз кишвар идома дода, қисмеро аз Русия дуздида дар Тоҷикистон зиндонӣ кардаанд ва нисбати қисми дигар парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҷойи онҳо болои пайвандонашон фишор меоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон борҳо барои таъқибу зиндонӣ кардани дигарандешон аз созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ интиқод мешавад, аммо ба назар мерасад ин интиқодоту талабҳо барои ислоҳи вазъ дар Тоҷикистон ҳеҷ таъсире надоштаанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.