Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 20 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бо гумони пайравӣ аз “Салафия” боздошт кардаанд.
Боздоштҳо дар як ҳафтаи охир аз ҷониби маъмурони милисаи Қубодиён ва шаҳри Бохтар сурат гирифтаанд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда, ки чанд сокини ҷамоати Вопканд боздошт ва бархе раҳо шудаанд ва ҳудуди 10-12 кас феълан дар боздошт ҳастанд.
Ҳамчунин як вакили мудофеъ, ки волидони боздоштшудаҳо барои ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ муроҷиат кардаанд, ба ин расона гуфта, ки “шумораи боздоштшудаҳо аз 20 нафар бештар аст ва ҷустуҷӯ идома дорад”. Ӯ афзуд, баъзе аз боздоштшудаҳо ба “ташкили фаъолияти созмони ифротгаро” гумонбар шуда, бархеи дигар барои ширкат дар ҷанги Сурия муттаҳам будаанд ва баъзеашон аз муҳоҷират аз Русия баргаштаанд.
“Онҳо гуё дар маъракаҳо ба зидди Иди Наврӯз ва Иди Сада ташвиқ карда, афрӯхтани оташро макруҳ донистаанд,” – гуфтааст ин вакили дифоъ.
То ҳол шумораи дақиқи афроди боздоштшуда ва назари онҳо ва пайвандонашон дар ин маврид дастрас нест.
Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон соле чанд маротиба даст ба боздоштҳои гурӯҳи мезананд. Бори охир соли гузашта мақомот даҳҳо сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанберо бо иттиҳомоти ифротгароӣ боздошту зиндонӣ карданд. Аммо наздикони боздоштшудаҳо иттиҳомоти мақомотро сохта номида буданд.
