Боздошти корманди давлатӣ бо иттиҳоми қаллобӣ

Котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Маҷидов Ҳасан Достиевич бо гумони қаллобӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Маҷидов барои омода кардани санади интихоби қитъаи замин ва ҷудо карда додани он барои сохтмони маркази хизматрасонӣ аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12700 сомонӣ ҳамчун гирифтааст.

Нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд фиристода шудааст.

Назари гумонбаршаванд ва наздиконаш дастраси расонаҳо нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.