Боздошти 11 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти 11 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Бодканд хабар дод.

Кормандони КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ 11 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар анбори ангишти шаҳри Сулукту фаъолият доштанд, боздошт караанд.

Мақомоти қудратии Қирғизистон иддао доранд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин нуқта ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи боздоштшудаҳо зода ва сокинони Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд будаанд.

Нисбати ин 11 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 378-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марз” парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, онҳоро ба СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол боздошти шаҳрвандонашро дар Қирғизистон шарҳ надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...