Муҳокимаи 5 муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми ғоратгарӣ

Додгоҳи шаҳри Суворови вилояти Тулаи Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ғоратгарӣ ва дуздии авмоли ғайр муҳокима мекунад.

Акс аз “1tulatv.ru”

Бино ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Тула, додгоҳ парвандаи 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми дуздии маблағ дар ҳаҷми калон бо истифода аз силоҳ ва зӯроварии ба ҳаёт хатарнок ва ғайриқонунӣ даромадан ба манзили дигарон баррасӣ мекунад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2020 ду маротиба ба хонаи дигарон ғайриқонунӣ ворид шуда, бо таҳдиди силоҳ ва зарбу лати соҳибони хона, дар маҷмуъ наздики 1 миллиону 250 ҳазор рубли русиро дуздидаанд.

Аммо то ҳол назари наздикон ва ё вакили дифоъи боздоштшудагон маълум нест.

Мурофиаи ниҳоии боздоштшудагон 1-апрели соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.