Боздошти беш аз 20 нафар дар парвандаи ҳамла ба Крокус

Дар пайи ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Красногорски Русия то имрӯз беш аз 20 нафар боздошт шудааст.

Дар ин бора 24-уми майи соли ҷорӣ раҳбари Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ)-и Русия Александр Бортников дар ҷаласаи Шӯрои сохторҳои амният ва хадамоти вежаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Бишкек хабар дод.

Бино ба иддаои Бортников, ҳаракат, маблағгузорӣ, ҳамла ва ҳуруҷи ҳамлагарон, ки ҷангҷӯёни шохаи Хуросони гурӯҳи мамнуи “Давлати исломӣ” будаанд “аз қаламрави байни Афғонистон ва Покистон” ҳамоҳанг шудааст.

Дар идома раҳбари ФСБ гуфтааст, ки “тафтиш идома дорад, аммо мо аллакай бо итминон гуфта метавонем, ки ба ин ҳамла бевосита хадамоти ҷосусии Украина рабт дорад”. Ӯ инчун таъкид кардааст, ки ҳадафи фармоишгарон “осеб расонидан ба равобити кишварҳои Иттиҳод бо истифода аз омилҳои динию миллӣ мебошад”.

Мақомоти Украина то ҳол ба гуфтаҳои Бортников вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта вақте ҷониби Русия аз даст доштани хадамоти ин кишвар дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” гуфта буд, мақомоти Украина онро рад карда буданд.

Дар ҳоле Бортников аз боздошти беш аз 20 нафар хабар медиҳад, ки то ҳол номи 13 нафари онҳо расонаӣ шуда, дар миёни онҳо 12 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Нисбати боздоштшудаҳо бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ (банди “б”, қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия) парванда боз шуда, тибқи ин модда ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Аз ҷумла, мақомоти Русия иддао доранд, чор нафареро, ки бевосита дар ин ҳамлаҳо даст доранд, боздошт кардаанд ва онҳо гуноҳи худро бар дӯш гирифтаанд.

Аммо маълум нест, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола дар чи шароите гуноҳро бар душ гирифтаанд, чун дар наворҳое, ки аз мурофиаи охир нашр шуда буд дида мешавад, ки сари ҳамаашон хам асту хеле ошуфта ва хаста ба назар мерасанд ва чунин менамояд, мӯи сари онҳо бар асари шиканҷа бо даст чинда шудааст.

Ичнунин пештар наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуда буд ва дар мурофиаи додгоҳии гузашта онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.