Мақомоти интизомии Тоҷикистон давоми соли 2021 беш аз 4 тонна маводи нашъадорро дар саросари кишвар ёфт ва мусодира кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2020 наздик 70 дарсад бештар мебошад.
Акс: ИнтернетДиректори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 4 тоннаю 83 килою 274 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 68,4% ё 1 тоннаю 658 килою 36 грамм зиёд мебошад.
Ба иттилои сардори Агентӣ, “Вазорати корҳои дохилии кишвар 2 тоннаю 29 килою 774 грамм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 1 тоннаю 663 килою 659 грамм, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент – 357 килою 638 грамм, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 30 килою 727 грамм ва Хадамоти гумрук 1 килою 121 грамм маводи нашъавоварро мусодира карданд.”