Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Маскав бо иттиҳоми ғорати 100 млн рубли русӣ

Полиси Русия як зодаи 28-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми ғорат кардани 100 миллион рубли русӣ боздошт карда аст.

Хабаргузории давлатии Русия “ТACC” хабар додааст, ки кормандони полис як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Умедҷон Ҷабборов бо иттиҳом даст доштан дар ғорат кардани 100 миллион рубли русӣ дар вилояти Маскав боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Умедҷони Ҷабборов дар вақти ғорат кардани хонум Марина Коташенко танҳо набуда, балки ҳамроҳи вай ду шарикҷурми дигараш ҳам ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи полис, ин зодаи Тоҷикистон пас аз дастгир шудан ва бозпурсӣ кардан ба гуноҳаш эътироф карда, сипас ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шудааст.

Пештар аз ин Умедҷон Ҷабборов дар соли 2017 ҳангоме, ки як дар мағоза кор мекард, бо иттиҳоми тақдими ришва ба як мақоми корҳои дохилӣ боздошт ва ба як соли зиндон маҳкум шуда буд.

16-уми январ Марина Коташенко ба посли муроҷиат карда, гуфтааст, ки шабона пас аз як садамаи нақлиётӣ се нафар ӯро бо зӯри силоҳ ба хонааш бурда, 100 миллион рублашро гирифта, бо худ бурданд. Полис аз рӯи ҳодиса бо иттиҳоми ғоратгарӣ парванда боз карда, тафтишот идома дорад.

Полиси Маскав дар ҳоле ин шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ғорат кардани 100 миллион рубли русӣ муттаҳам мекунад, ки дар хабарҳои расмӣ назари гумонбаршуда, наздикону пайвандон ва ё адвокати ӯ вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.