Боздошти як нафар бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми беш аз 3 млн сомонӣ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо роҳи қаллобӣ дар азхудкунии беш аз 3 миллион сомонӣ гумонбар мешавад. Акс: ИнтернетАкс аз Интернет Гумонбаршаванда сокини шаҳри Душанбе буда, ба гуфтаи мақомот, худравҳои гаронарзиши ду сокини пойтахтро бо роҳи фиреб аз онҳо гирифта, маблағи онҳоро, ки наздики 300 ҳазор доллари […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо роҳи қаллобӣ дар азхудкунии беш аз 3 миллион сомонӣ гумонбар мешавад.
Акс: ИнтернетАкс аз Интернет
Гумонбаршаванда сокини шаҳри Душанбе буда, ба гуфтаи мақомот, худравҳои гаронарзиши ду сокини пойтахтро бо роҳи фиреб аз онҳо гирифта, маблағи онҳоро, ки наздики 300 ҳазор доллари амрикоӣ (беш аз 3 миллион сомонӣ) мебошад, барнагардонидааст.
Дар тафсилоти хабар гуфта мешавад, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе – аз ӯ ном бурда нашудааст – 28-уми марти соли 2022 аз як сокини пойтахт “автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”-ро ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаро фурӯхта маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо автомашинаро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”
Инчунин ин сокини 26-солаи пойтахт боз як нафари дигарро низ ба доми худ андохта, “12-уми майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ даромада, аз ӯ 270 ҳазор доллари амрикоӣ ва ду адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” ва тамғаи “Мерседес Бенс” гирифта, забонхат додааст, ки то рӯзи 15 июли соли 2022 маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад. Аммо то ҳол барнагардонидааст.”
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.