Мақомоти гумруки вилояти Астрахани Русия рӯзи сешанбе, 1-уми ноябр як зодаи Тоҷикистонро ба далели интиқоли молу колои тиҷоратии бидуни қайди расмӣ боздошт карданд. Акс: Интернет Гуфта мешавад, ин шарҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Тошканди Узбекистон 491 номгӯй либос ва колоҳои гуногунро харидорӣ карда, ба қасди тиҷорат ба Русия мехостааст барад. Мақомоти гумруки Волгоград мегӯянд, ин миқдори […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Мақомоти гумруки вилояти Астрахани Русия рӯзи сешанбе, 1-уми ноябр як зодаи Тоҷикистонро ба далели интиқоли молу колои тиҷоратии бидуни қайди расмӣ боздошт карданд.
Акс: Интернет
Гуфта мешавад, ин шарҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Тошканди Узбекистон 491 номгӯй либос ва колоҳои гуногунро харидорӣ карда, ба қасди тиҷорат ба Русия мехостааст барад. Мақомоти гумруки Волгоград мегӯянд, ин миқдори коло, ки бо мақсади тиҷорат вориди Русия шудаанд, эълонношуда ва расман ба қайд гирифта нашудаанд.
Тавре мақомоти гумруки ин шаҳр хабар медиҳад, кормандони гумруки Астрахан ва Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Ҷумҳурии Қалмиқистон вилояти Астрахан аз қатори Тошканд-Волгоград як зодаи Тоҷикистонро боздошт карданд ва пас аз тафтиш маълум гашта, ки ӯ 491 бастаи сару либоси бачагона ва колоҳҳо, ки арзиши умумии онҳо 260 ҳазор рубли русӣ ва вазни 120 киллоро ташкил медоданд, ёфт ва мусодира шудааст.
Мақомоти гумруки вилояти Астрахан ба “Городский вести” гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон тамоми колоҳои интиқолшударо аз бозори яклухтфурӯшии Тошканд барои фурӯш дар Русия харидааст. Аммо аз зарур будани “декларатсия”-и молҳои харидааш хабар надоштааст.
Аммо, гуфта мешавад, тибқи қавонини Русия ин шаҳрванди Тоҷикистон ҷарима ва молаш мусодира мешавад. Ҳамчунин нисбати ин зан тибқи қисми 1 моддаи 16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Ҳангоми интиқоли ҳар навъи коло барои тиҷорат чунин амал ғайриқонунӣ маҳсуб ёфта, соҳиби он колоҳо ҷарима карда мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.