Боздошти як зани тоҷик дар Фурӯдгоҳи Одесса

Хадамоти марзбонии Украина рӯзи якшанбе 16 январ як зани тоҷикро, ки дар пайгарди байналмилалӣ (Интерпол) қарор дошт, дар Фурӯдгоҳи Одесса боздошт кардааст. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Украина хабар дод.

Акс аз Фейсбуки Хадамоти марзбонии Украина

Гуфта мешавад, ин зани тоҷик бо ҷурми “терроризм” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Дар ин бора рӯзи якшанбеи 16 январ Хадамоти давлатии марзбонии Украина дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук хабар дод. Аммо аз ҷониби кадом кишвар дар ҷустуҷӯ буд, Хадамоти давлатии марзбонӣ хабар надодааст.

Масъулини Интерпол дар Украина гуфтаанд, ки раванди истирдоди ин зани тоҷик ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Мақомоти Украина номи ин занро нашр накардааст ва маълум нест иттиҳоми ӯ дақиқан чист.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.