13.9 C
Dushanbe

Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Туркия

Пулиси зиддитеррор дар шаҳри Истанбули Туркия ду узви эҳтимолии гурӯҳи террористии ДОИШ-ро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон будаанд, боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, гумонбарон қасд доштаанд дар шаби Соли нав бо истифода аз маводи тарканда ҳамлаи хунини террористиро дар яке аз марказҳои тафреҳии шаҳри Истанбул, ки одатан одамони зиёде ҷамъ меоянд, анҷом бидиҳанд.

Гуфта мешавад, кормандони пулис мошини онҳоро шаби 31-уми декабри соли 2022 чанд соат пеш аз оғози Соли нав дар ҳудуди ноҳияи Башакшеҳир пайдо кардаанд. Гумонбарон талош кардаанд, ки аз кормандони пулис фирор кунанд, аммо дар ҷараёни таъқиб кормандони пулис тавонистаанд ба чархҳои мошини онҳо чанд тир холӣ карда ва дар ниҳоят ҳардуро дастгир кунанд.

Расонаҳои туркӣ аз шаҳрванди Узбекистон А.М ва аз шаҳрванди Тоҷикистон К.З.И, ки дар миёни ҷангҷӯёни ДОИШ бо лақаби “Абу Маймун” маъруф будааст, ном бурдаанд. Гуфта мешавад, пулис “Абумаймун”-ро ба ҳабс гирифта, нисбат ба шаҳварнди Узбекистон раванди ихроҷ аз Туркияро шуруъ кардааст.

То ҳол иттилои пурра дар бораи “Абумаймун” дастраси расонаҳо нест, аммо гуфта мешавад, вай дар “Давлати исломӣ” коршинос оид ба маводи таркандаи худсоз буда, ба аъзои созмони террористӣ ин корро меомӯзондааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати ин созмон фаъолияти таблиғотӣ мебурдааст.

Инчунин пулис хабар додааст, ки ин ҳамла мебоист монанд ба ҳамлаи 1-уми январи соли 2017 дар Истанбул, ки аз ҷониби ҳамин созмон содир шуда буд, ки дар натиҷа 39 кушта шуд, сурат бигирад. Он замон низ бо иттилои пулиси Туркия, ҳамлаи хунини террористии соли 2017-ро як зодаи Узбекистон анҷом дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Худашро куштанду мошинашро дузиданд

Дар ноҳияи Ёвон шахсони номаълум як таксиронро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо мошинаш фирор карданд.

Миёни Амрико ва Эрон ду ҳафта оташбас эълон шуд

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ду соат қабл аз поён ёфтани зарбулаҷали гузоштааст, аз оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон хабар дод.

Талаби 11 соли зиндон барои сардори дидбонгоҳ пас аз марги сарбоз

Додситонии низомии шаҳри Кӯлоб сардори собиқи дидбонгоҳи сарҳадии "Шоҳон" Юсуф Мирзоевро, дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола гунаҳкор донист.

Садҳо муҳоҷирро дар Маскав аз хобгоҳ ронданд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ, ки шуморашон ба садҳо нафар мерасад, шикоят доранд, ки онҳоро аз хобгоҳе дар шаҳри Маскав берун кардаанд.