Боздошти корманди Комиссариати ҳарбӣ бо иттиҳоми қаллобӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти сардори як шуъбаи Комиссарияти ҳарбии ноҳия Шаҳринав хабар дод.

Ин ниҳод аз боздоштшуда Раҷабзода И.С. ном бурда, менависад, ки ӯ аз 16 январи соли 2023 дар вазифаи сардори коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кор мекард.

Зикр гардида, ки Раҷабзода И.С. зимни фаъолияти кориаш ба боварии шаҳрванд Г.Б.С. даромада, аз ӯ барои омода намудани билети ҳарбӣ 31 100 сомонӣ пул гирифтааст.

“Дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Ёров И.Р. ва собиқ корманди зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳрум Буриев З.Ҷ. бо роҳи сохтакорӣ билети ҳарбиро таҳти силсила ва рақами №892727 омода карда дода, бо ин кирдораш ба шаҳрванд Г.Б.С. зарари моддӣ ба миқдори калон расониданд.“, омадааст дар хабар.

Агентии зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат “нисбати Раҷабзода И.С. ва Ёров И.Р. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карданд” ва аллакай таҳқиқи парванда ба анҷом расида, онро барои судури ҳукми ниҳоӣ ба Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе фиристодаанд.

То ҳол назари боздоштшудаҳо ва ё адвокати онҳо дастраси расонаҳо нагардидааст. Ва ҳамчунин назари ҷабрдида низ вобаста ба қазияи мазкур маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки кормандони соҳаи низомӣ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир мешаванд. Ҳамасола Агентии зидди фасод даҳҳо корманди давлатиро дар миёни низомиён, омӯзгорон ва ғайра бо ҷурми даст доштан дар фасоду ришва боздошт мекунад, аммо ин мушкилӣ дар кишвар сол ба сол бештар мешаваду кам не.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар Тоҷикистон решакан кардани ришва ва фасоди идорӣ кори саҳлу соддае нест, зеро аз як сӯ агар ангезаи ин корҳо ба маоши ками кормандони давлатӣ рабт дошта бошад, аз сӯи дигар, ин амал дар сатҳҳои болоии ҳукумат ривоҷ дорад ва решаи ҳамаи ин ришваситониҳо мерасад ба худи шахси аввали ҷумҳурӣ ва пайвандону наздиконаш, ки дар чунин сурат аз байн бурдани фасод амри маҳол хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.

Русия имтиҳони забонро барои қисме аз муҳоҷирон бекор кард

ВКД Русия дар пасманзари норасоии коргарон пешниҳод кардааст, ки қисме аз шаҳрвандони хориҷӣ аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ин кишвар озод карда шаванд.

Оё дар Тоҷикистон зимистони имсол лимити барқ ҷорӣ мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон масъалаи коҳиш додани талафоти нерӯи барқро баррасӣ доранд, аммо бо наздик шудани зимистон, дар бораи ҷорӣ шудан ё нашудани лимити барқ чизе нагуфтаанд.