Як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ҳангоми интиқоли беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД-и Қирғизистон хабар медиҳад. Акс: Интернет Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон зимни як амалиёт гурӯҳи нашъаҷаллобро боздошт кардааст, ки […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ҳангоми интиқоли беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД-и Қирғизистон хабар медиҳад.
Акс: Интернет
Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон зимни як амалиёт гурӯҳи нашъаҷаллобро боздошт кардааст, ки як корманди пулиси Тоҷикистон низ узви он будааст.
Ба иддаои ВКД-и Қирғизистон ин гурӯҳ ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва Қазоқистон машғул будаанд.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус, ки тӯли як сол давом кард, ҳамаи аъзои ин гурӯҳ аз ҷумла созмондиҳандаи он шаҳрванди Тоҷикистон О.А., соли таваллудаш соли 1960 ва узви гурӯҳ — сержанти калони милитсияи Тоҷикистон И.М., таваллудаш соли 1982 боздошт шудаанд”- омадааст дар хабар.
Аз боздоштшудагон 33 килову 241 грамм маводи нашъаовар мусодира шуда, боздоштшудагонро ба СИЗО-и рақами 1 дар шаҳри Бишкек интиқол додаанд.
Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон аз идомаи тафтишот хабар дода, нагуфтааст, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистонро кай боздошт кардааст.
То ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти кормандашро рад ва ё таъйид накардааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.