Боздошти масъули кофтукови ҷиноӣ бо иттиҳоми қаллобӣ

Як масъули шуъбаи кофтукови ҷиноии ШКВД дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ ноҳияи Шӯробод) бо иттиҳоми гирифтани пора барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ боздошт шуд.

Аз ин мансабдори баландмақоми ноҳияи мазкур Комилов Умед Одинаевич номбурда мешавад, ки ӯ бо  истифодаи мақомаш аз шаҳрванд “А” барои гӯё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.

Комилов баъд аз гирифтани пора аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт мегардад.

Ба иттилои Агентӣ, айни замон парвандаи ин команди баландпоя, ки бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ мешуд, ба анҷом расида, он барои ҳукми ниҳоӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар ҳолати тасдиқи ҷиноят Комиловро аз 5 то 8 соли зиндон бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ба муҳлати то панҷ сол интизор аст.

Реша давондани фасод дар байни кормандаони давлатӣ, хусусан дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба як падидаи нооилоҷ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ташдиди қавонини ҷазо нисбати ришвахорон, боз ҳам солона даҳҳо корманди баландмақом, ҳатто аз худи Агентии зидди фасод бо ҷурми порагирӣ боздошт мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.