Боздошти муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми маблағгузорӣ ба терроризм
Дар шаҳри Саратови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти интизомии ин кишвар бо иттиҳоми маблағгузорӣ ба терроризм боздошт кардаанд. Акс: Интернет Бино ба иттилои шабакаи телаграми Оперативные сводки, кормандони интизомӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Алиев Қодирҷон пас аз фиристодани пул ба ҷангҷӯён тавассути терминали низоми пардохти QIWI боздошт кардаанд. Манбаъ бо нашри навори ин муҳоҷири […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Дар шаҳри Саратови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти интизомии ин кишвар бо иттиҳоми маблағгузорӣ ба терроризм боздошт кардаанд.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои шабакаи телаграми Оперативные сводки, кормандони интизомӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Алиев Қодирҷон пас аз фиристодани пул ба ҷангҷӯён тавассути терминали низоми пардохти QIWI боздошт кардаанд.
Манбаъ бо нашри навори ин муҳоҷири тоҷик менависад, ки гӯё ӯ “ба бародарони ҳамдини худ дар шаҳри Идлиби Ҷумҳурии Сурия барои иштирок дар фаъолиятҳои террористӣ кумак мерасонд. Аз ҷумла, бо пули бо азоб дар сохтмонҳои Русия коркардааш ӯ дидаю дониста ба Сурия барои ҷангҷӯёни созмони террористии “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” пул мефиристод. Ин зодаи Осиёи Марказӣ ба террористҳо то кунун танҳо ҳудуди 10 ҳазор рубл фиристода буд, ки онҳо бо ин пул барои худ васоили алоқа ва либоси ҷангӣ харидаанд”.
Дар идомаи хабар гуфта мешавад, ки боздоштшуда ба кардаи худ “иқрор” шуда, нисабати ӯ бар асоси қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми маблағгузорӣ ва сафед кардани терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 700 ҳазор рубли русӣ таҳдид мекунад.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.