Боздошти мушовири мавлоно Абдулҳамид дар Зоҳидон

Мақомоти эронӣ мушовири мавлоно Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми масҷиди Маккӣ дар шаҳри Зоҳидони Эронро боздошт карданд.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, дирӯз, 30-уми январи соли 2023 нерӯҳои амниятии Эрон дар шаҳри Зоҳидон мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ, як тан аз мушовирони маволоно Абдулҳамид Исмоилзиҳиро боздошт кардаанд.

Ба қавли расонаҳои ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумати Эрон боздошти мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ бо ҳукми Додгоҳи рӯҳоният ва тавассути нерӯҳои амниятӣ сурат гирифтааст. Мақомоти Эронӣ ӯро ба ҳамкорӣ “бо афрод ва расонаҳои бегона, таҳриф ва ташвиши афкори умумӣ” муттаҳам мекунанд.

Аммо расонаҳои мустақил ва марбут ба эрониёни хориҷнишин мегӯянд, ки боздошти вай ҳадафҳои сиёсиеро дар пай дорад ва нерӯҳои амниятӣ савори чор мошин дар Зоҳидон пеши роҳи ӯро гирифта, пас аз боздошт Муродзиҳиро ба макони номаълум интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, тайи чанд моҳи ахир, шаҳри Зоҳидон, маркази устони Сиистону Балучистони Эрон, ки аксари сокинони он аз аҳли суннат ҳастанд, ноором аст. Сокинони ин шаҳр аз як сӯ ба далели норозӣ будан аз сиёсатҳои ҷумҳурии исломӣ ва аз сӯи дигар маҳрумиятҳои зиёде, ки доранд, ҳар ҳафта ба сурати гурӯҳӣ намоишҳои эътирозҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Аз замони оғози эътирозҳои ахири Эрон, ки ҳудуди чор моҳ пеш бо марги хонум Маҳсо Аминӣ шуруъ шуд, садои аҳли суннати Эрон дар Зоҳидон низ баландтар шудааст. Сокинони ин шаҳр ва бахусус рӯҳониҳои он дар канори мардум истода, аз ҳукумати Эрон борҳо талаб карданд, ки ба хостаҳои эътирозгарон тан диҳад, сухани онҳоро гӯш кунад ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ намояд. Ин иқдоми онҳо хашми Теҳронро ба вуҷуд овард.

Нерӯҳои эронӣ ҳам чанд ҳафта пеш бо баргузории як амлиёти вежа наздик ба 400 нафар аз намозгузоронро, ки баъд аз намози ҷумъа роҳии хонаву бозор буданд, дар ин шаҳр кушта ва захмӣ карданд. Пас аз ин куштори оммавӣ мавҷи эътирозҳо дар ин устон зиёдтар шуд.

Дар ин муддат мавлавӣ Абдулмаҷид Муродзиҳӣ, яке аз пешгомони фаъолон буд, ки аз ҳукумати кишвараш талаб мекард, омилони ин ҷиноят шиносоӣ, боздошт ва муҷозот шаванд. Аммо сухани онҳоро касе дар Теҳрон гӯш накард ва зуҳри дирӯз худи ӯ низ боздошт ва сарнавишташ номаълум боқӣ мондааст.

Пас аз боздошти ӯ, ҷамъе аз эътирозгарон дар шаҳри Зоҳидон ба кӯчаву хиёбонҳо хориҷ шуда, озодии ӯро талаб карданд, вале аз сӯи дигар хеле аз ҷонибдорони ҳукумати Эрон ҳам бо роҳандозии як иқдоме дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки мисли дигар эътирозгарони кушта шуда, Абдулмаҷид Муродзиҳӣ низ бояд эъдом шавад…

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.