Як ҳодисаи ғамангезу пурдарди қатли писар аз ҷониби падар 26-уми июли соли 2025 ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.
Падаре баъди шиканҷаи писари 15‑солааш бо иттиҳоми дуздии пул, сабаби марги ӯ гардид. Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри изҳорот хабар дод, ки алайҳи ин сокини 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ боздошт шудааст ва парванда барои расонидани зарари ҷисмонӣ бо ҷароҳатҳои вазнин, ки ба марг оварда расондааст, таҳти тафтиш қарор дорад. Меъёрҳои ҷазои кишвар барои чунин ҷиноят аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Наворе, ки баъди ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дили ҳазорон нафарро ба дард овард. Дар он навор наврас бо чеҳраи олуда ба хоку хун дида мешавад ва марде бо овози баланд аз ӯ мепурсад: “600 сомонӣ ту гирифтӣ?”
Тафтишот мегӯяд, падар фарзанди худро ба дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонӣ дар моҳи июл гумонбар донистааст. Мақомот ҷузъиёти ин ҳодиса ва муттаҳамро нашр накардааст.
Дар ҷузъиёти ин ҳодиса, ки тоза ба дасти Azda TV расидааст, гуфта мешавад, ки писар хонандаи синфи 10 буда, нос мекашидааст. Падараш барои ин амалаш ӯро латукӯб мекунад. Пас аз он, писар бе иҷозаи хонадон 600 сомонӣ гирифта, ба шаҳри Душанбе — ба хонаи аммааш меравад ва ду-се рӯз бедарак мешавад. Аммааш ба падараш занг зада мегӯяд, ки писараш дар хонаи ӯст.
Падар ба Душанбе меравад, ӯро мегирад ва бармегардонад. Дар роҳ сахт латукӯб мекунад, дасту пояшро баста, дар мошин мекашад. Баъдан ӯро ба телефон навор мегирад ва дубора ба мошин баста, мекашад. Писар дар натиҷаи зарбаҳои сахт ҷароҳатҳои шадид мебардорад ва беҳуш мешавад.
Баъд падараш ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба хона оварда, дар анбор нигоҳ медорад. Аъзои хонавода аз ҳодиса огоҳ будаанд, вале мард намегузоштааст, ки ҳамсараш назди фарзанд равад. Субҳи барвақт, мераванд ва мебинад, ки писар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Духтури маҳалро даъват мекунанд, вале ӯ мегӯяд, ки кӯдак аллакай вафот кардааст.
Оила кӯшиш мекунад, ки ҳодисаро пинҳон кунад, вале мард аз ҷониби кормандони милитсия боздошт мешавад.
Нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши тунди ҷомеаи тоҷикро ба бор овардааст. Корбарон аз мақомот барои падари ин наврас ҷазои сахт, аз ҷумла зиндонии умрбодро талаб доранд.
Аз ҷумла, корбаре навиштааст: “Ба ҷои шиканҷа додан, ба фарзандон тарбияи дурусту меҳрубонона лозим аст, то онҳо ба роҳи хато нараванд. Задан ва азоб додан ҳеҷ гоҳ роҳи ҳал нест.”
Корбари дигари дигар навиштааст: “Мутаассифона, дар ҷомеаи мо задани фарзанд баъзан мояи ифтихор шуморида мешавад. Баъзеҳо эҳтиромро бо тарс додан мебинанд ва вақте фарзанд аз онҳо метарсад, инро тарбия дуруст мепиндорем…”
Аммо бархе дигар навиштаанд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва задани зану фарзандону бераҳмона шиканҷа кардани онҳо ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст ва ҳеч ниҳодҳои марбутае ин амали хонаводаҳоро назорат ва ё ислоҳ намекунад.
Бархе корбарони дигар мегӯянд, асли ин мушкилот ҷои дигаре нуҳуфтааст. Аз ҷумла, онҳо хушунати хонаводагиро дар тарзи тарбият ёфтани худи волидайн, фишорҳои мақомот алайҳи озодиҳои динӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебинанд.