Рэпсарои ҷавони тоҷик Рамазон Муродов, ки бо тахалуси “РАЛИК” маъруф аст, рӮзи 23-уми июл пас аз интишори чанд навори интиқодӣ боздошт шуд.
Рамазон дар саҳифаи инстаграми худ бо нашри чанд навор идао кард, ки дар пушти шабакаи “ПАРВИЗ ТВ”, ки одатан хабарҳои фаврӣ аз ҳолатҳои садама ва сӯхтору дигар ҳодисаҳоро нашр мекунад ва инчунин “ҲОДИСА ТВ”, ки бо пахш кардани наворҳои фаҳш ва наворҳои хусусии мардум машғул ҳаст, мақомоти қудратӣ меистанд.
Ӯ дар яке аз наворҳо иддао мекунад, ки “ҲОДИСА ТВ” ба Саидмумин Ятимов, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ПАРВИЗ ТВ ба Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар идома мегӯяд инҳо (манзур КДМ ва ВКД) бо ҳамроҳи Сураё Қосимова ва духтаронаш Шабнами Сураё ва Фарзонаи Хуршед дар хонаҳои мардум камераҳои махфӣ мегузоранд.
Рамазон Муродов бо асабоният хитоб мекунад, ки мехоҳад “ҳақ ба қақдор бирасад”, аммо маълум нест ӯ аз чӣ ин қадар асабӣ шудааст ва чаро якбора ба сохторҳои қудратии кишвар метозад.
Ӯ аз генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо (Бузмаков), муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба шиддат интиқод мекунад. Инҷунин дар хитоб ба Ҳасан Асадуллоза, додараруси Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, флешкартаҳояшонро дар даст дорад ва “замоне ки ҳамаҷизро ба номи ман кунед баъд флешкартаҳоро бар мегардонам.”
Ангезаи вокуниши тунди ин рэпсарои ҷавон то ҳол рӯшан нест. Корбарон ҳам мепурсанд, ки чӣ чиз боис шуда, ки то ин ҷавон “бо ҷони худ риск” карда, даст ба интишори ин видеоҳо задааст.
Рамазон Муродов дар як навори дигар, ки зоҳиран пештар нашр шудааст, мегӯяд, “баъзе гапҳо ва корҳое”-ро медниост ва мехоста барои нашр кардани онҳоро бо кормандони Радиои Озодӣ дар миён бигузорад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе шоми 23-юми июл аз боздошти Рамазон Муродов хабар дод. ВКД иддао карда, ки пас аз тафтиши рафтори ӯ маълум шуда, ки “Рамазон Муродов наворҳоро баъди истеъмоли маводи мухаддир сабт кардааст.” Ҳамчунин Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, Рамазон “ҳамчун нашъаманд дар қайди Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои наркологӣ” қарор дорад.
Аммо онҳое, ки Рамазонро мешиносанд, мегӯянд, ин дар ҳаққи ӯ туҳмат аст ва ин ҷавон маводи мухаддир истеъмол намекунад.
Назари худи Рамазон Муродов вобаста ба қазия мазкур ва пайвандони ӯ дастраси расонаҳо нагаштааст ва ҳамин тавр сарнавишти ояндаи ӯ низ маълум нест.
То ин дам мушаххас нест, ки мақомот алайҳи ин рэсапро бо чӣ иттиҳом парванда боз кардаанд.