Пешигирӣ аз қочоқи 229 кг маводи мухаддири тоҷикистониён дар Узбекистон
Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон аз талоши қочоқи 229 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ҷилавгирӣ кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи “l-a-w.ru” Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи 15 феврал дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳангоми тафтиш аз як мошини боркаш, ки аз […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон аз талоши қочоқи 229 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ҷилавгирӣ кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.
Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи “l-a-w.ru”
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи 15 феврал дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳангоми тафтиш аз як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Узбекистон ба Русия ҳаракат мекард, 232 бастаи маводи мухаддири героин бо вазни умумии 229 килло ёфт ва мусодира шуда.
Аммо ин мошини боркаши аз гузаргоҳи “Фотехобод”-и Тоҷикистон чӣ гуна бидуни монеае гузашта то гузаргоҳи “Ойбек”-и Узбекистон расидааст, инчунин он ба кӣ тааллуқ доштанаш маълум нест.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид расман вокунише накардаанд.
Ин бори аввал нест, ки кормандони гумруки Узбекистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур маводи нашъадор пайдо мекунанд. Моҳи ноябри соли 2021 низ дар ҳамин гузаргоҳи “Ойбек” аз дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон ба Русия ангур мебурд, беш аз 150 килло маводи мухаддир ёфт ва мусодира карда буданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.