Боздошти як корманди баландпояи Додгоҳи вилояти Суғд

Маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мушовири Додгоҳи вилояти Суғдро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карданд.

Ин ниҳод аз боздоштшуда Абдухолиқзода А.А. ном мебарад. Гуфта мешавад, ӯ аз 7-уми ноябри соли 2017 то моҳи майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис – мушовири Додгоҳи вилояти Суғд кор кардааст.

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, номбурда дар муддати фаъолияти кориаш ба чанд амалҳои ҷиноӣ даст задааст ва ӯ ҳоло бо ҷурми мардумфиребӣ ва пулситонӣ аз мардум боздошт гардидааст. 

“Чунончӣ, моҳи апрели соли 2024 Абдухолиқзода А.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б.А.Қ. даромада, дидаву дониста аз он, ки ваколати бекор кардани қарорҳои раиси шаҳри Истаравшан ва ба ҳолати аввала бар гардонидани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии шаҳрванд Б.А.Қ.-ро надорад, аз номбурда худи ҳамон вақт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифт.“, омадааст дар хабарномаи Агентии зидди фасод.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки Абдухолиқзода А.А. баъди гирифтани 20 ҳазор сомонӣ коре, ки бояд ба фоидаи Б.А.Қ. анҷом медод, анҷом надода ва маблағро ба фоидаи шахсияш сарф кардааст.

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон нисбати Абдухолиқзода бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва аллакай таҳқиқи парванда ба поён расида, барои гунаҳкор донистаи ӯ ба додгоҳ фиристода шудааст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.