Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.
Сомонаи қазоқии Sona.kz 4-уми феврал бо такя ба манобеи худ дар сохторҳои қудратии Қазоқистон хабар дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштан, 30-юми январ аз ҷониби пулис боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ноҳияи Қарасой нигоҳ дошта мешавад ва барои истирдодаш ба Тоҷикистон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, пулиси вилояти Алмато як чорабинии амниятӣ дар қаламрави вилоят, аз ҷумла дар қад-қади шоҳроҳи ҷумҳуриявии Алмато – Бишкек гузаронид. Гумонбаршуда тасодуфан аз дохили яке аз нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ, ки дар канори роҳ ҷойгир буд, боздошт гардидааст.
Мақомоти Қазоқистон аз боздоштшуда ном набурдаанд, аммо гуфта мешавад, соли таваллудаш 1994 аст ва давлати Тоҷикистон ӯро барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин, ки дар қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор додааст.
Назари худи боздоштшуда ва ё вакили дифоаш маълум нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзе пеш дар Русия як зан бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафият” боздошт шуд, ки ӯро низ Тоҷикистон дар пйгарди байналмилалӣ қарор дода буд.
Ба назари коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ, мақомоти тоҷик бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм садҳо шаҳрвандро, ки аз ҳукумати имрӯза розӣ нестанд ва амалкарди мақомотро интиқод мекунанд, ҳамаро душман муаррифӣ карда, ба узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ муттаҳам мекунад ва ҳамн тавр дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор медиҳад.
